Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо таҳлилгари асосии молиявии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавдет Денизер

20.03.2012 13:00, шаҳри Душанбе

20 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагии Бонки ҷаҳониро бо сарварии таҳлилгари асосии молиявии он Рагувир Шарма ба ҳузур пазируфт.

Дар гуфтушунид намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавдет Денизер иштирок дошт.

Дар рафти мулоқот намояндагии Бонки ҷаҳонӣ фикру мулоҳизаи худро нисбат ба нерӯи энергетикии содироти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баён намуд.

Тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба талабот ба қувваи барқ дар минтақа, шаклҳои имконпазири таъмини ҳалли пешниҳодҳо барои қонеъ гардонидани талабот, татбиқи лоиҳаҳои калони ба нақшагирифташудаи энергетикии минтақа, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтӯдаро бо назардошти талаботи мамлакатҳои ниёзманд, рақобатнокии лоиҳаҳои зикршуда дар соҳаи содирот, ки барои татбиқи ин лоиҳаҳо ва азхуд кардани бозорҳои содиротӣ заруранд, мавриди муҳокима қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520