Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

12.05.2004 09:00, шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исломобод рафт. Ин аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Сарвари давлатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Халифабобо Ҳамидов ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи олӣ як қатор созишномаҳои муҳими байнидавлатӣ ба тавсиб хоҳанд расид.

Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.

Тоҷикистону Покистон робитаҳои устувори қадимаву дӯстона доранд. Шаҳрвандони ҳар ду мамлакат бо посдорию ифтихор аз гузаштагони оламшумули адабиёту фарҳанги пурғановат ба мисли Мирзо Абдулқодири Бедил, Мирзо Ғолиб, Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва бо пайравӣ аз суннатҳои неку арзишманди ҳамкориҳои академик Бобоҷон Ғафуров, Файз Аҳмади Файз, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва Аҳмад Ҳасани Донӣ фазои боэътимоди муносиботи дуҷонибаро тақвият мебахшанд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи равобити Тоҷикистону Покистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид.

Ҷумҳурии Исломии Покистон аз аввалин мамолики хориҷӣ буд, ки истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносиботи дипломатӣ барқарор намуд.

Дар баробари робитаҳои дуҷониба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони конфронси исломӣ ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо истифода аз иқтидорҳои бузурги тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ муносиботи серҷабҳа доранд.

Дар ҳамкориҳои дуҷониба сафари аввалини расмии Президенти Ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002- юм заминаҳои амиқи қарордодию ҳуқуқӣ гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520