Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Миян Муҳаммад Сумру

12.05.2004 12:00, Покистон

Аввалин мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз бо раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Миян Муҳаммад Сумру баргузор гардид.

- Ман ин мулоқотро ифодаи равшани омодагии ду ҷониб барои густариш ва таҳкими равобити байни кишварҳо ва халқҳоямон маънидод менамоям,-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мо аз оғози истиқлол равобит ва ҳамкорӣ бо Покистонро аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавии худ дониста, талош дорем онҳо дар соҳаҳо ва сатҳҳои гуногун ба нафъи ду кишвар ҷараён гиранд. Дар ин росто ҳамкории парламентҳо ва маҷлисҳоямонро муфид ва судманд медонем.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷлиси Сенат дорои таҷрибаи бой ва арзишманд аст. Аз ин рӯ, ҳамкории мутақобилан судманди Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Покистон метавонад омили муҳими рушди ҳамкории дуҷониба гардад. Дар ин ҳамкорӣ бунёди иншооти бузург ва фоидаовари иқтисодӣ, корхонаҳои муштарак, сохтмони роҳҳо ва иншооти дигари инфраструктурӣ бояд самтҳои афзалиятнок ҳисобида шаванд.

Маҷлисҳои болоии парламентҳои ду кишвар ба ҳамкории иқтисодӣ дар сатҳи минтақа низ мусоидат карда метавонанд. Ба назари ҷонибҳо  бояд нақши Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва инфраструктурӣ боло бурда шавад.

Кайд гардид, ки ду кишвар ва сохторҳои гуногуни онҳо метавонанд дар рушди равобити илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқҳои Тоҷикистону Покистон ва умуман минтақа саҳмгузор бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Садри Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва аъзои Сенатро даъват намуд, то аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда,  ба таҳкими робитаҳо вусъат бахшанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520