Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мавзеҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Варзоб

16.07.2004 14:00

16 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Варзоб омада, ҷиҳати рафъи ҳарчи зудтари оқибатҳои офат ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб бар асари боришоти зиёд ва баланд шудани сатҳи оби дарё қисматҳои алоҳидаи роҳ ва хонаҳои истиқоматӣ, истироҳатгоҳҳои мактабӣ зарар дидааст. Дар ин ҷо бо қувваи сокинони маҳаллӣ ва ширкатҳои сохтмонию роҳсозии вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати тезонидани раванди бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи нохуши табиӣ, кушодани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, ҷалби имкониятҳои техникию сохтмонӣ, кӯчонидани оилаҳои зарардида ба ҷойҳои бехатар, расонидани ёрии фаврӣ ба осебдидагон роҳбарияти ноҳияи Варзоб ва ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуд.

Дар километри 46-уми роҳ дар мавзеи оби Кулол зарари офати табиӣ гарон аст. Дар ин минтақа бештар аз 3 километри роҳ хароб гардида, аз ҷониби Анзоб садҳо мошинҳои пурбор интизори имкониятҳои ҳаракат ҷониби пойтахт мебошанд.

Ба иттилои мутахассисон ҳаҷми тахминии зарари офати табии 2-2,5 миллион доллари амрикоро ташкил менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷалол Салимов, вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Зиёев ва раиси ноҳияи Варзоб Мурод Ҷумъаев дар мавриди истифодаи тамоми воситаҳои мавҷуда, техникаи муқтадири роҳкушоӣ, сохтмончиёну роҳсозон, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода, изҳор дошт, ки бояд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин роҳи стратегии Душанбе – Хуҷанд кушода шавад.

Сарвари  давлат диққати мутахассисонро ба сифати баланди корҳои барқарорсозӣ, ташкили шароитҳои мусоиди корӣ, хуроки гарм, таъмини саривақтии маоши ҷавонони маҳаллие, ки ба ин тадбирҳо сафарбар мешаванд, ҷалб намуд. Дар ҳолате талошҳои мо натиҷаҳои устувор медиҳад, ки онҳо на фақат характери бартарафсозии оқибатҳоро дошта бошад, балки бо назардошти бехатарии доимӣ, мустаҳкамии роҳ, пешгирии офатҳои табиӣ, қабл аз ҳама бо сифати баланд амалӣ карда шаванд, таъкид намуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Алҳол сохтмончиёну роҳсозон тариқи шабонарӯзӣ корҳои барқарорсозиро вусъат дода истодаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520