15 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони доктор Авул Пакир Ҷайнулабдин Абул Калом Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон бинобар ҷашни истиқлолияти кишвараш барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст: - Барои ман мояи сарфарозист, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни Истиқлол самимона табрик ва таҳният гӯям.
Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, ҷонибдори таҳкиму густариши ҳар чӣ бештари онҳо мебошад.
Итминони комил дорам, ки Тоҷикистону Ҳиндустон метавонанд дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту фарҳанг ва заминаҳои зиёди дигар ба ҳамкориҳои худ рушду нумӯъи тоза бахшанд ва мо барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҳамаи имконот истифода хоҳем бурд.
Ба Ҷаноби Олӣ хушбахтиву сиҳатмандӣ ва ба мардуми кишвари дӯст комёбиҳо орзу дорам.