Шоми рӯзи 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ бо губернатори вилояти Свердлови Федератсияи Россия Эдуард Россел мулоқот намуд.
Ҷонибҳо доираи фарохи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ба хусус саҳмгузорӣ дар бунёди ГЭС-и Роғун, воридоти глинозём ба заводи алюминии Тоҷикистон, таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи калонтарин заводи электрохимиявии Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Ёвон ва коркарди намаки ошӣ, коркарду содироти меваю сабзавот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Свердлов ва дигар масъалаҳои фарогири самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима ва баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба сафари нахустини расмии қарибулвуқӯъи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, инчунин татбиқи амалии нақшаҳои зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Москав 3 июли соли 2004 мувофиқашуда табодули назар карда шуд.