7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ Ятим Мирзоев тариқи телефон сӯҳбат намуд.
Баъди шунидани ҳисоботи муфассал доир ба ҳолати кунунии раванди захирасозии маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти корхонаҳои коркарди зироатҳои деҳқонӣ, татбиқи дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ҷиҳати таъмини бетаъхири аҳолӣ бо меваю сабзавот ва картошкаи хушсифат дар давраи зимистони дарпешистода, фароҳам овардани имкониятҳои васеътари аз аҳолӣ харидорӣ кардани зироатҳои кишоварзӣ, бевосита дар ноҳияҳо захира намудани меваю картошка супоришҳои қатъӣ дод.