18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон бо Раиси Ҳукумати интиқолии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот дошт.
Ҷониби Афғонистон бо хоҳиши Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба вазъият ва пешрафти раванди сулҳ дар ин кишвар маълумот дод.
Мусоҳибон роҳҳои инкишофи ҳамкории иқтисодии дуҷонибаро дар соҳаҳои гидроэнергетика, коммуникатсия, нақлиёт ва интиқоли қувваи барқ ба таври муфассал баррасӣ намуданд.