26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллатҳои шаҳри Женева бо муовини Котиби генералии СММ, директори генералии шӯъбаи аврупоии СММ Сергей Орҷоникидзе мулоқот дошт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории байни Тоҷикистон ва СММ-ро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.