24 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷлис бо муҳокимаи масъалаи кадрҳо ва қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази ҳамоҳанг сохтани барномаҳои барқарор намудан ва ташаккул додани иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ шурӯъ шуд.
Масъалаҳо дар бораи дурнамои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004, самтҳои афзалиятноки лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 ва лоиҳаи қонунҳои марбут ва истифодаи қувваи барқ ва газ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи маҷлис буданд.
Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ташкили минтақаҳои хариду фурӯши мол дар маҳалҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва беҳтар намудани фаъолияти молиявии корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико ва Британия - "Оби зулол" муҳокима гардиданд.