4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амрро (1197) оиди аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ҷудо намудани маблағ ба имзо расонид.
Тибқи он аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани мебелу ашёи мактабӣ ва дигар лавозимот ба муассисаҳои маърифатии ноҳияҳои водии Рашт 230 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.