17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонишини Котиби давлатии ИМА Линн Паскоро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъияти ҷаҳон ва роҳҳои ба сатҳи баландтар баровардани ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор карданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаҳои ҳамгироии Тоҷикистону Амрико дар доираи созмонҳою сохторҳои байналмилалӣ, вазъи минтақа ва хусусан Афғонистон диққати калон доданд.