19 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.
Дар маҷлис инчунин баъзе роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони Прокуратураи генералӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони раёсатҳои минтақавии вазорат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Рахмонов натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали вазоратро пурра мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро дар нимсолаи дуюми соли 2002 аниқ кард.