Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон

26.04.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов эътимоднома қабул намуд.
Зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

“Мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими хеш дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонем», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи миёни ду кишвар ва тасмимоти оянда, аз ҷумла тақвияти бештари заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷанба зоҳир карда шуд.

Натиҷаҳои ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, боиси умедворӣ ба густариши минбаъдаи робитаҳо арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки он рӯзҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку вазнин, гидроэнергетика ва нафту газ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳанг ва туризм мушаххас гардонида шуданд.

Сафири нави Озарбойҷон азми устувори худро барои саҳмгузории намоён дар татбиқи амалии нақшаҳои судбахши ҳамкорӣ таъкид намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520