16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо арбобони ҷамъиятию сиёсӣ - вакили Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон Мунэо Судзуки ва вакили Палатаи мушовирони парлумон Кэидзо Такэми мулоқот кард.
Ҷонибҳо оид ба зарурати густариши равобити парлумонии ду давлат сухан ронданд.