Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ба имзо расиданд

10.12.2010 17:00

Имрўз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия ва қабул карда шудааст.

Қонуни мазкур муомилотро вобаста ба истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку танзим намуда, ҳамзамон ба фурўш ва кашидани сигарет ва дигар маҳсулоти тамокудор маҳдудиятҳо муқаррар намудааст. Аз ҷумла тибқи муқаррароти ин қонун фурўши чунин маҳсулот ба ноболиғон ва аз тарафи ноболиғон, инчунин дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимӣ, дар масофаи на камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ва бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ манъ карда шудааст.

Инчунин тибқи ин қонун кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда, манъ аст.

Барои вайрон кардани талаботи мазкур тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо дар шакли ҷарима ба маблағҳои калон пешбинӣ карда шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки 31 май рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди сигоркашӣ ва 18 ноябр дар Аврупо рўзи даст кашидан аз сигор эълон шудааст, ва ҳамасола дар ин рўзҳо чорабиниҳо муқобили истеъмоли маҳсулоти тамоку ва фаҳмонидани зарари он ба саломатии инсон доир карда мешаванд. қабули қонунҳои мазкур ҳамзамон далели пайгирии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин иқдомҳо ба шумор меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ўҳдадориҳоро ҳангоми расонидани кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, барои пешгирии бемориҳо ва таҳкими минбаъдаи ёрии тиббӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Қонуни мазкур бо мақсади рушди соҳаи тибби оилавӣ тартиби машғул шудан ба тибби оилавӣ, ҳуқуқу ўҳдадориҳои мутахассисони ба солимгардонии тиббии оилавӣ машғулбуда, талаботҳо оид ба табибони оилавӣ ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои шаҳрвандонро низ дар ин самт муқаррар намудааст. Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» низ бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳифзи сиҳатии мардум, ҳамзамон ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳо ва мубориза дар ин самт равона карда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳоро оид ба таъмини оби нўшокӣ ба аҳолӣ, кафолати давлатии он, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои субъектони ин муносибатҳоро муайян ва муқаррар намуда, барои рушди соҳаи обтаъминкунӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Бо мақсади таҳкими принсипи равзанаи ягона дар ҷумҳурӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳдошти фазои сармоягузорӣ ба якчанд қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузори хурд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи саломатӣ ва солимгардонии аҳолӣ, ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ, такмили низоми супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Амалӣ қонунҳои мазкур барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳанд кард.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар рўномаҳои расмии кишвар ба нашр расонида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520