Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо машварати васеи корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар соли равон, татбиқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуд.
Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар соли равон Вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов ахбор дод. Зикр гардид, ки дар 11 моҳ ба буҷети давлатӣ 4,4 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки баробар ба 98,8% нақша мебошад. Ба иттилои вазири молия, воридшавии маблағҳо дар моҳи декабр нисбат ба моҳҳои пешина хеле афзун шудааст, ки ин барои таъмини пурраи нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ тамоюли умедбахш аст.
Доир ба рафти иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва дигар нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои дигар гузориш доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва болобарии некуаҳволии мардуми кишвар дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи нокифояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори нигаронӣ карда, барои ҷоннок намудани кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷониби Сарвари давлат доир ба муҳокимаи васеи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар таълиму тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифату ватандўст, оқилу доно, солиму нерўманд ва дур аз ғояҳои таассубу ифротгароӣ дар назди масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дастур дода шуд, ки ба ватан баргардондани ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, идома дода шавад ва сохторҳои давлатию ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва занону оила низ дар ин самт фаъол бошанд. Доир ба рушди соҳибкории хусусӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои зиёди корӣ ва ба корҳои манфиатбахш ҷалб намудани ҷавонони бекор низ дастуру супоришҳо дода шуд.
Масъулини дахлдор ҳамчунин вазифадор шуданд, ки доир ба таъмини мураттаби аҳолӣ бо нерўи барқ, тавсиа додани тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дар дигар самтҳо низ корҳоро ҷоннок намоянд.