Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фиристодаи Султони Уммон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамӣ

13.12.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Уммон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамиро, ки ба ҳайси фиристодаи Султони Уммон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Уммон баррасӣ шуд.

Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арами паёми Султони Уммон қобус ибни Саидро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, ҳавасмандии давлати худро ба густариши муносибот бо Тоҷикистон таъкид кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шахси сафир ба роҳбарияти давлати Уммон барои бунёди як шаҳраки истиқоматӣ дар шаҳри Кўлоб, ки иборат аз 50 хона, яктогӣ мактаб, шифохона ва масҷид буда, барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида пешбинӣ шудаанд, арзи сипос карда, ин кори накуро оѓози хуше аз ҳамкории минбаъдаи иқтисодию сармоягузории ду кишвар маънидод намуд.

Бинобар вуҷуд надоштани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории иқтисодӣ, тезондани корҳо баҳри таҳия ва пешниҳоди санадҳои дуҷониба, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таъсиси Шўрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Уммон, доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳавасмандгардонию ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму техника, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳамчунин дар истихроҷи нафту газ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, бастабандӣ ва содироти оби ошомиданӣ дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди тьаваҷҷўҳ сурат гирифт.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520