Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси идораи ҶСК Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллер

07.12.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси идораи ҶСК Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин сохтори соҳибнуфузи энергетикии Русия доир ба гузарондани корҳои омўзишӣ - ҷустуҷўӣ ва истихроҷи гази табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Алексей Миллер ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти корҳои омўзишӣ - ҷустуҷўии ҶСК Газпром дар ҳудуди Тоҷикистон гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки имрўз дар кони Сариқамиши воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав корҳои пармагарӣ расман оғоз меёбанд ва барои ин техникаю таҷҳизоти махсус, шаҳраки истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ омода гаштаанд.

Ба гуфти Алексей Миллер, «дар ин кон техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарину пешқадамтарин истифода мешаванд, зеро захираи он дар чуқурии 6300 метр қарор дорад ва ин умқи аз ҳама калон дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст». Чунонки ў таъкид дошт, «тибқи маълумоти пешакӣ, захираи газ дар ин ҷо беш аз 60 миллиард метри мукаъабро ташкил медиҳад ва ин ҳаҷм метавонад эҳтиёҷоти Тоҷикистонро ба мўҳлати беш аз 50 соли оянда пурра қонеъ гардонад». Ба иттилои Алексей Миллер, «Газпром то имрўз дар Тоҷикистон аллакай даҳҳо миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст ва минбаъд барои идомаи босамари корҳо чӣ қадар маблағу дигар мавод лозим шавад, сафарбар хоҳад кард».

ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки корҳои омўзишӣ-ҷустуҷўӣ дар се кони дигар - Рангони ноҳияи Рўдакӣ, Шоҳамбарии ғарбии ноҳияи Ҳисор ва Саргазони ноҳияи Данғара низ идома доранд. Дар маҷмўъ аз ҷониби Газпром беш аз 400 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд, ки беш аз 300 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба омўзиш ва бозомўзии кадрҳои ин соҳаи Тоҷикистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520