Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиа ва корҳои дохилии Люксембург Жан-Мари Халсдорф

06.12.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа ва корҳои дохилии Люксембург Жан-Мари Халсдорфро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Люксембург дар чаҳорчўби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

Зимни баррасии масоили дуҷониба Жан-Мари Халсдорф аз номи роҳбарияти давлати Люксембург Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки барои такони нав бахшидан ба ҳамкории судманди ду кишвар соли оянда ба ин кишвари Аврупо сафари расмӣ анҷом диҳад.

Жан-Мари Халсдорф ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон ва ҳамкории пурсамар бо нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар ин кишвар арзи сипос намуд.

Зимни сўҳбат доир ба дурнамои авзои Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои пешгирӣ аз истеҳсолу гардиши маводи мухаддир ва паҳншавии терроризму экстремизм аз ин кишвар гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520