Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

06.12.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли равон, аз ҷумла рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ баррасӣ шуд.

Зимни гузориши Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов доир ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 – уми декабри соли равон иҷрои нақшаи даромадҳо дар ҳаҷми 98,5% таъмин гаштааст, ки ин ба 4,4 миллиард сомонӣ баробар аст. Ба иттилои ў, маблағи воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 702 миллион сомонӣ ё худ 19% зиёд мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони сохторҳои масъул доир ба таъмини пурра ва босифати иҷрои Буҷети давлатии мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар машварат ҳамчунин масоили вобаста ба тезондани киштукори тирамоҳӣ ва мубориза бо фасоду ҷинояткорӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба ҷоннок ва босамар намудани корҳо дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520