Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсия Русия Рашид Нургалиев

06.12.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсия Русия Рашид Нургалиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии кадрҳо ва расондани кўмакҳои техникӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ҳамкории босамари дуҷониба ва бисёрҷониба доранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки машварати навбатии дуҷонибаи роҳбарияти сохторҳои корҳои дохилии ду кишвар, ки ҳадафи ташрифи Вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон аст, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520