Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе

21.02.2018 10:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои мазкур аз се қисм, қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расониданд. Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар баробари фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ ҳамзамон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист тайи солҳои охир тадбирҳои муассир андешида, марҳила ба марҳила дар самти ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон муваффақ мешавад.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳр таровати дигар зам кунад, аз ҷониби дигар боиси коҳиш додани мушкилоти норасоии манзили зист дар шаҳри Душанбе, махсусан барои кормандони ташкилоут идораҳои давлатӣ дар пойтахт мегардад.

Ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат барои хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои давлатӣ манзилҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки натиҷаи татбиқи бобарори сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз сокинони хуштолеъ - кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки ба ватан - модар содиқона хизмат намоянд.

Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 оилаи корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмуъ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва Кумитаҳо тақдим карда шуд.

Маҳз сиёсати бобарору бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сол то сол бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ рушд намуда, барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520