Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби нави рақами 53 ва мулоқот ба мардуми ноҳияи Восеъ

24.08.2010 16:00, ноҳияи Восеъ

Омўзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз мову шумо шоҳиди ифтитоҳи бинои боз як мактаби наву замонавӣ гардидем, ки ба толибилмони ноҳия дар остонаи соли хониши 2010-2011 ҳамчун тўҳфаи идона тақдим мегардад. Бинобар ин, ҳамаи шуморо нахуст бо Рўзи дониш, ки баъди чанд рўз фаро мерасад ва сониян ба муносибати мавриди баҳрабардорӣқарор гирифтани бинои мактаби нав самимона табрик мегўям.

Ҳадафи мо аз бунёди мактабҳои нав, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, ки дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ мегардад, ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои саводу дониши замонавӣ гирифтани хонандагон ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисосу кордон ба камол расонидани онҳо мебошад.

Зеро танҳо ба воситаи илму маориф метавон нуфузи мамлакатро баланд бардошт ва бо номи фарзандони донишманду ихтироъкор миллату давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Чунонки муаллими бузурги ахлоқ Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» мефармояд, «Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат». Ин ҳикмати ҷовидонаи Саъдӣ имрўз низ арзиши ниҳоят баланд дорад ва бахусус дар давраи давлатдории навини мо дорои аҳамияти бузург мебошад.

Чунки бе тиҷорат молро наметавон гардиш дод ва аз он суд бардошт, мулкро бе сиёсат наметавон роҳбарӣ кард ва агар мулк бе сиёсат бошад, дар мўҳлати кўтоҳ аз низом мебарояд ва илм, бешубҳа, пояи он дуи аввал аст, зеро бо илм метавон ҳам тиҷоратро ба роҳ монд ва ҳам сиёсатро татбиқ кард. Ва илм зевари ботини инсоният ва машъалу фурўғи мактаби одамият аст.

Аз ин дидгоҳ, мактаб боргоҳи илму маърифат, махзани донишу хирад ва маркази таълиму тарбия буда, парварандаи шахсият ва такмилдиҳандаи одобу ахлоқи шоиста ба ҳисоб меравад.

Ва кормандони соҳаи маориф мураббӣ ва муаллими толибилмон мебошанд, ки бо донишу ахлоқи худ онҳоро ба роҳи росту дурусти таълиму тарбия ҳидоят менамоянд. Яъне одобу ахлоқ ва илму маърифат шахсияти фаъолу созанда будани инсонро муаррифӣмесозад.

Аз ин рў, мо соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон кардаем ва рушди пайгиронаи маорифро аз ҳадафҳои асосии худ медонем. Дар натиҷаи татбиқи ин ҳадаф ва идомаи ислоҳоти маориф солҳои охир сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомўзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон торафт беҳтару хубтар шуда истодааст.

Мо тамоми саъю талоши худро пеш аз ҳама барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо асбобу анҷоми хониш ва воситаҳои муосири техникиву технологии компютерӣ ва иттилоотӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда, дар саросари кишвар мушкилоти соҳаи маорифро зина ба зина бартараф карда истодаем.

Бинои мактаби имрўза, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар қомат рост кардааст, дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад. Бинои таълимии дуошёнаи мактаби мазкур дорои 18 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурї, китобхона, ошхона ва варзишгоҳ буда, барои таҳсили 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаб инчунин дорои системаи алоҳидаи гармидиҳӣ мебошад ва дар он ангишт истифода мегардад, ки ин яке аз роҳҳои нисбатан арзони гарм кардани синфхонаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон мебошад.

Бояд гуфт, ки бинои нави мактаб дар доираи лоиҳаи таҷдиди маориф бо сарфи қариб чоруним миллион сомонӣсохта шудааст. Сохтмони бинои мактаб тавассути лоиҳаи инфиродӣ амалӣ шуда, он барои озмоиш ва истифодаи минбаъда ҳамчун мактаби типи нав пешниҳод карда шудааст. Мо ба ин васила мехоҳем, ки шумораи мактабҳои типи нав дар вилояти Хатлон ва умуман кишварамон зиёд шуда, талабот ба дониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дучанд гардад.

Ҳоло дар назди чандин мактабҳо барои 610 ҷои нишаст бунёди синфхонаҳои иловагӣидома дорад, ки як қисми онҳо то аввали соли хониш ба истифода дода хоҳанд шуд. Инчунин дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бунёд, таҷдид ва таъмиру муҷаҳҳаз гардонидани 24 мактаби миёна, 12 синфхонаи нав ва шўъбаи маорифи ноҳия ба маблағи қариб панҷуним миллион сомонӣ анҷом дода шуд. ҳамзамон бо ин, 130 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харидорӣ ва дастраси хонандагон гардидааст.

Акнун вазифаи асосии шумо-хонандагони азиз, аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар вақти худро сарфи омўзиши фанҳои дарсӣ ва мутолиаи асарҳои бадеӣ карда, ҳамқадами ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир, техника ва технологияҳои ҳозиразамон бошед, дар ҷодаи илму ҳунар, касбу камол саъй намоед, ба ақидаи бузургони мо камоли ҷонро бо субҳи маърифат равшан созед ва ҳамчун шахсони бомаърифату соҳибфарҳанг ва фаъолу созанда дар рушду тараққиёти ҷомеа саҳми арзанда гузоред.

Ҳамзамон бо ин, аз ҳузури падару модарон, устодону омўзгорон ва роҳбарону фаъолони ноҳия истифода бурда, бори дигар таъкид менамоям, ки яке аз василаҳои асосии пешрафти кори таълиму тарбияи насли наврас ин ҳамкории доимии падару модарон ва аҳли ҷомеа бо омўзгорон ва мактаб мебошад.

Аз устодону омўзгорон низ тақозо мегардад, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълим ва корҳои тарбиявӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки тақдири созандагони ояндаи ҷомеа ва давлат дар дасти онҳост.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанўз як қатор мушкилот мавҷуданд ва бояд тадриҷан ҳалли худро ёбанд. Аз ҷумла, мактаб-интернат ва як қатор мактабҳои дигар ба таъмири асосӣниёз доранд. Инчунин биноҳои панҷ мактаб дар ҳолати садамавӣқарор доранд. Илова бар ин, дар мактаби рақами 51, ки шумораи хонандагонаш аз ҳазор нафар зиёд мебошад, як қисми онҳо дар вагонҳо таҳсили худро идома дода истодаанд. ҳоло дар мактабҳои ноҳия беш аз 9 ҳазор миз, 18 ҳазор курсӣва асбобу ашёи аёнӣва лабораторӣ намерасад.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ камбудиҳои ҷойдоштаро ба таври ҷиддӣбаррасӣкарда, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани онҳо, аз ҷумла таъмин кардани мактабҳои ноҳия бо асбобу васоили хониш тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо дар ҷараёни сафари худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумлаи ноҳияи Восеъ тасмим гирифтем, ки бо роҳбарону фаъолони ноҳия ва намояндагони мардум мулоқот карда, аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рўзгори мардум, ҷараёни кишти такрорї, корҳои ободиву созандагї, ҳолати омодагӣба давраи тирамоҳу зимистони омадаистода ва дигар масъалаҳои шаҳру ноҳияҳо огоҳ гардем ва доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҷўӣнамоем.

Дар ин маврид бояд гуфт, ки ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимої, аз ҷумла пардохти саривақтии маошу нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимої, пеш аз ҳама, аз иҷрои нақшаҳои андоз вобаста мебошад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз дар ноҳияи Восеъ 7 намуди андоз иҷро нашудааст, ки дар натиҷа ба буҷети ноҳия 340 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳия 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣмаблағ ҷудо карда шудааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ зарур аст, ки барои таъмин намудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст.

Ҳоло дар ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи инвеститсионии ҳукуматӣ идома дорад, ки маблағи то имрўз азхудшудаи онҳо қариб 80 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи онҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣва барқарорсозии иншооти харобшудаи гидротехникї, беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо, бақайдгирӣва системаи кадастри замин барои рушди устувори соҳаи кишоварзї, сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва таҳкими инфраструктураи коммуналӣ иҷро шуда истодаанд.

Шумо хуб медонед, ки кишоварзӣ соҳаи асосии ноҳия мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳафт моҳи соли 2010 маблағи 106 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2009-ум 101,5 фоизро ташкил кард.

Вале бо вуҷуди ин, дар соҳаи кишоварзии ноҳия ҳанўз як қатор норасоиву масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд.

Аз ҷумла, дар масоҳати 4850 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамо 71 фоизро ташкил дода, дар муқоиса бо соли гузашта 545 гектар кам мебошад.

Илова бар ин, дар хоҷагиҳои ноҳия дар соли ҷорӣ зиёда аз 500 гектар замини корам, аз ҷумла 400 гектар замини обӣ бо сабабҳои ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ ба заминҳои партов мубаддал шудааст. Масоҳати заминҳое, ки ҳолати мелиоративии онҳо ғайриқаноатбахш мебошад, 1200 гектарро ташкил медиҳад.

Аз ин рў, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин дигар сохтору мақомоти дахлдор зарур аст, ки доир ба рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ ва бетаъхир андешанд.

Инчунин Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бояд оид ба масъалаи мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб, ки ҳар сол боиси хисороти калони молӣ мегардад, инчунин доир ба сифати корҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои дахлдор тадбирҳои муассир андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии худ ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди пайгиронаву устувори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг афзалият медиҳад.

Аз соли 2008 инҷониб дар вилояти Хатлон татбиқи лоиҳа оид ба тундурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ бо маблағи умумии зиёда аз 70 миллион сомонӣ идома дорад, ки дар доираи он дар ноҳияи Восеъ низ як қатор корҳо анҷом дода шудаанд.

Вале бо вуҷуди чораҳои то имрўз амалигардида масъалаи тандурустии аҳолии деҳаҳои алоҳида, аз ҷумла масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил ҳанўз ҳам нигаронкунанда мебошад.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия ҳанўз вазъи хизматрасонии тиббиву сифати он ва шароити на ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ хуб аст. 27 бунгоҳи тиббӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва вагонҳо ҷойгир шудааст, ки дар онҳо шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ ташкил карда нашудааст.

Бинобар ин, аз Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ талаб карда мешавад, ки фаъолияти худро дар самти ташкили шароити зарурӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббї, аз ҷумла бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо, имкониятҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ сохта, ба истифода додани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, инчунин таъмиру тармими муассисаҳои тиббии мавҷуда, ташкили бозомўзии кормандони тиб, таъминоти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва пешгирии бемориҳои сирояткунанда, дар навбати аввал бемории сил тадбирҳои ҷиддӣ ва бетаъхир андешанд.

Тавре ки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, чанде пеш Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО бо қарори махсуси худ ёдгории таърихии Саразми шаҳри Панҷакентро ба феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳонӣворид кард, ки ин рўйдод, бешубҳа, боиси ифтихори ҳар як шахси бедордилу худогоҳ ва ватандўсту ватанпарасти кишварамон мебошад. Зеро ин иқдом эътирофи таърихи 5500-солаи мардуми мо аз ҷониби чунин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Дар ноҳияи Восеъ низ даҳҳо ёдгории таърихиву бостонӣ ва меъморӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, ёдгориҳои шаҳраки ҳулбук, Дашти дилӣ, Имом Алӣ ва Кафтархона, ки ба асрҳои 11-13 мансуб мебошанд, арзиши таърихии ниҳоят баланд доранд, ки ин масъаларо олимони мўътабари ҷаҳонӣборҳо таъкид кардаанд.

Аз ин рў, ба Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои дахлдор зарур аст, ки барои ҳифзи минбаъдаи ёдгориҳои таърихиву меъмории кишвар, аз ҷумла ноҳияи Восеъ, таъмиру тармими онҳо ва барои тарбияи ифтихори миллии наслҳои ҷавон истифода бурдан ва дар айни замон ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани онҳо тадбирҳои судманд андешад.

Умед дорем, ки сокинони меҳмондўсту заҳматписанди ноҳияи Восеъ минбаъд низ тамоми қуввату ғайрати худро барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон сарф мекунанд. Зеро соли оянда дар кишвари мо ҷашни муқаддас ва бузурги миллї, яъне 20-солагии истиқлолияти давлатӣтаҷлил мегардад.

ҳарчанд ки мо дар масири ду даҳсола дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба хеле пешрафтҳо ноил шудем, вале ҳанўз аз дастовардҳои худ қаноатманд нестем. Зеро мо боз бисёр масъалаҳои ҳалталаб дорем ва бояд барои беҳтар намудани ҳаёти ҷомеаи кишварамон бисёр саъю талош намоем.
Ин вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии ҳар кадоми мову шумо - роҳбарону фаъолони тамоми кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланди ноҳияи Восеъ мебошад.

Мо бояд шукрона кунем, ки Ватани озоду соҳибихтиёр дорем ва дар айни замон фаромўш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани аҷдодӣ низ бар дўши ҳар кадоми мо қарор дорад.

Ман ба ғайрату ҳиммат, нангу номус ва ҳисси баланди ифтихори миллии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо – сокинони ноҳияе, ки номи яке аз фидоиёни миллат, яъне Восеъро ба худ гирифтааст, итминони комил дорам.

Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои мактаби нав ва Рўзи дониш, инчунин ҷашни нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатї, ки баъди чанд рўз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба толибилмони ин боргоҳи маърифат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи намунавӣва ба сокинони сарбаланди ноҳияи Восеъ барори кору рўзгори осуда орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520