Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

16.05.2018 18:18, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом кӯчаву хиёбонҳои пойтахт -шаҳри Душанбе қабои идона дошт. Аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус, парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар, шаҳри Душанберо оро медод.

Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир карданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид.

Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520