Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон

09.08.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Шукронаи неъмати истиқлол, ки халқи азизи кишварамон моҳи мубораки Рамазонро дар фазои комили сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва рўҳияи баланди созандагӣ истиқбол мегирад. 11-уми августи соли равон барои мусулмонон моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳост, фаро мерасад. Дар ин моҳи шариф китоби муқаддаси қуръон ҳамчун раҳнамо ва ҳидоят нозил шудааст.

Дар баробари сифатҳои ҳамида моҳи мубораки Рамазон парҳезгорӣ ва ҳалолу пок зистанро омўзонда, инсонро ба сўи ахлоқи некў, раҳму шафқат ва бародариву ҳамбастагӣ даъват менамояд.

Рамазон озмоишгоҳи сабру таҳаммул буда, дар замири инсон хештандорӣ ва матонату тамкинро парвариш медиҳад ва иродаи ҳар фардро устувор мегардонад.

Рўзаи ин моҳ ҳамчун мактаби тарбияи ахлоқӣ ба шахси рўзадор дарси тартибу интизомро меомўзонад, зеҳну андешаи ўро нерўву сафо мебахшад ва дар қалби ў эҳсоси раҳму шафқатро афзун менамояд.

Рамазон мактаби ҳимматбаландиву саховатмандӣ низ мебошад. Ин хислати наҷиб дар натиҷаи риояи яке аз шартҳои рўзадорӣ, ки анҷом додани кори хайр аст, устувор мегардад. Рўзҳои моҳи Рамазон шахси рўзадорро барои анҷом додани амалҳои хайр ба хотири ризои Худованд ҳидоят менамоянд.
Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.

Яке аз амалҳои хайр, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид гаштааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба як нукта ҷалб намоям. Мутаассифона, ҳар сол дар арафаи ин ё он иду ҷашн, махсусан моҳи Рамазон ва иди Рамазон мо шоҳиди як амали номатлуб дар бозорҳо, яъне ба таври сунъӣ баланд бардоштани нарху навои маҳсулоти ғизоӣ мегардем.

Баъзе тоҷирону соҳибкорон барои ба даст овардани фоидаи бештар ҳатто рўзҳое, ки мардуми мо рўзадоранд, молу маҳсулоти худро бо нархҳои аз пештара қиматтар ба бозор мебароранд. Ин қабил одамонро дини мубини ислом мўҳтакир меҳисобад. Пайғамбари ислом фармудаанд, ки Худованд мўҳтакирро лаънат кардааст.

Ба қавли Паёмбари гиромӣ мўҳтакир инсони бисёр бад аст. Зеро чунин шахс, агар бишнавад, ки неъмат фаровон аст, нороҳат мешавад ва агар бишнавад, ки камбуд вуҷуд дорад ва нарху наво боло рафтааст, шод мегардад.

Дар як ҳадиси Паёмбари гиромӣ омадааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рўзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рўзи қиёмат ўро дар оташи дўзах қарор хоҳад дод».

Тибқи ҳадиси дигари Расули акрам Худои таоло мардеро, ки ҳангоми хариду фурўш осону саҳлгиранда ва сахиву ҷавонмард аст, мавриди раҳмат қарор медиҳад.

қобили зикр аст, ки дар кишварҳои исломӣ ба хотири ба даст овардани савоб поён фуровардани нархи маҳсулот дар моҳи мубораки Рамазон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар бозорҳо ва дўкону мағозаҳо нархи тамоми маҳсулоти ғизоӣ дар ин моҳи муборак ҳатман поён меравад. Дар ин амали савоб ташкилоту муассисаҳои хайриявӣ низ фаъолона саҳм мегузоранд.

Вале боиси таассуф аст, ки дар кишвари мо акси ин ҳолат мушоҳида шуда, дар тўли чандин соли охир тамоюли болоравии нархи озуқа дар моҳи шарифи Рамазон мушоҳида мегардад.

Аз ин рў, соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва ҳар фарди мусулмонро зарур аст, ки аз чунин рафтори номатлуб парҳез намоянд ва дар ин моҳи хайру эҳсон болоравии сунъии нархҳоро боздошта, соҳиби савоби зиёд гарданд.

Чанд рўз пеш ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дода шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рўзҳои шанбею якшанбе дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар фурўши маҳсулоти ғизоиро ҳарчи бештар ташкил намоянд ва ба ин васила барои беҳтар намудани зиндагии мардум дар ин моҳи муборак саҳмгузор бошанд.

Боиси ёдоварист, ки се сол қабл мо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, сарфаю сариштакорӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкориву ташкили маъракаҳои зоҳирпарастонаву зиёдатӣ, ки ба буҷети оилавии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамуданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем.

Дар натиҷаи риояи муқаррароти қонуни мазкур то имрўз дар маҷмўъ дар ҳамаи маъракаҳои мардумӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардида, дар айни замон дастгирии ятимону бепарасторон, эҳтиёҷмандону дармондагон ва анҷом додани дигар корҳои хайр дар солҳои охир, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ба ҳукми анъана даромад.

Ҳамватанони азизи мо аз вазъи имрўзаи иқтисодии ҷаҳон хуб огоҳанд. Дар чунин шароит мо набояд ба исрофкорӣ роҳ диҳем ва бо истифода аз суннатҳои неки аҷдодиамон – сарфаю сариштакорӣ ва маданияти баланди заминдорӣ барои аз як замин рўёнидани ду-се ҳосил ва захираи ҳатмии дусолаи маҳсулоти асосии ғизоӣ, пеш аз ҳама гандум барои ҳар як оила кўшиш намоем.

Дар ин моҳи муборак орзуи онро дорам, ки мардуми шарифи мо беш аз пеш дастгиру мададгори ятимону маъюбон, мўҳтоҷону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат бошанд.

Рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандону нотавонон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон ва ба ҷо овардани ҳурмату иззати онҳо, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват ба дўстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, сабру тамкин, муросову мадоро, сипосгузорӣ ва қадршиносиро амали ҳаррўзаи зиндагии худ созанд.

Аз Худованди мутаол ба ҳамаи шумо ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ, сулҳу салоҳ, рўзгори орому осуда, ризқу рўзии фаровон ва дастурхони пурфайзу баракатро орзумандам.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520