Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заньер

27.03.2012 13:00

Суҳбати пурмуҳтаво бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заньер баргузор гардид.

Ламберто Заньер барои ташкили шароити хуби кории конфронси 5-уми РЕККА, ки аҳамияти бузург ба кулли минтақа дорад, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Аз ҷараёни кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳама се самти авлавиятноки фаъолияти ин созмон – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ арзи қаноат карда шуд.

Бо изҳори хушнудӣ аз фаъолияти Коллеҷи сарҳадбонии САҲА дар Тоҷикистон, дастгирии фаъолияти нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбута, ҳамзамон ифтитоҳи як маркази минтақавии омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои шаҳрвандони Афғонистон зарур шумурда шуд.

Ламберто Заньер ба нақши Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёт ва амну субот дар Афғонистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки лоиҳаҳои сершумори зербиноии дар конфронси мазкур матраҳшуда бояд мавриди пуштибонӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода шаванд.

Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва равандҳои демократӣ сурат гирифт.

 
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520