Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони муҳандисиву техникии сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2»

27.07.2010 12:30, шаҳри Душанбе

Дўстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз рўзе, ки хишти аввали бунёди нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2»-ро гузоштем, қариб чоруним сол сипарӣ гардид. Агар шумо дар хотир дошта бошед, ман ҳамон рўз изҳор дошта будам, ки мо бо оғози сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» дар китоби таърихи чандинҳазорсолаи мардумони бародар ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрон саҳифаи навро мекушоем ва ин нерўгоҳ тасди?и идомаи неки суннатҳои бузургу таърихии дўстиву бародарии поянда ва ҳамёриву ҳамкории халқҳоямон хоҳад гашт.

Ба сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» шарик гардидани Ҷумҳурии Исломии Эрон гуво?и он аст, ки дар ҳамкории миёни ду кишвари дўсту бародар доир ба сохтмони иншооти ҳаётан муҳим самти нав оғоз меёбад.

Дар шароити имрўзаи торафт кам шудани захираҳои сўзишворӣ, болоравии арзиши ҷаҳонии нафту газ ва афзоиши рўзафзуни эҳтиёҷот ба нерўи барқ рушди со?аи энергетикаи обӣ, яъне мавриди истифодаи васеъ қарор додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия беш аз пеш аҳамият пайдо карда истодааст.

Зеро рушди со?аи гидроэнергетика на танҳо талаботи мардуми Тоҷикистон ва а?олии кишварҳои ба қувваи барқ ниёзмандро қонеъ мегардонад, балки аз ҳисоби барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар ба пешрафти и?тисодиёт такони ҷиддӣ мебахшад. Аз сўи дигар, сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ дар шароити тадриҷан тағйир ёфтани и?лим ва нарасидани об роҳи беҳтарини истифода ва танзими захира?ои обу энергетика мебошад.

Яъне бо бунёди нерўгоҳҳои бар?и обӣ мо на тан?о дар кишварамон камбуди қувваи барқро дар фасли сармо бартараф менамоем, балки имкон пайдо мекунем, ки давлатҳои ҳамсояи худро ҳам бо барқ ва ҳам дар мавриди хушксоливу камобӣ бо ҳаҷми зарурии об таъмин созем.

Бояд гуфт, ки дар ояндаи наздиктарин дар баробари дигар нерўгоҳҳои мавҷуда нерўго?и бар?и обии «Сангтўда-2» низ, ки ҳоло бо заҳмату талоши пайвастаи шумо – лоиҳакашону кормандони муҳандисиву техникии Тоҷикистону Эрон эъмор гардида истодааст, дар бобати таъмини беҳтари иқтисоди миллӣ ва мардуми мо бо барқ нақши муассир хоҳад бозид.

Боиси қаноатмандист, ки ҳоло майдони сохтмони он ба ҷабҳаи заҳмати созанда, ҷасорату мардонагӣ ва нангу номуси намояндагони ду халқи дўсту бародар ва дорои фарҳангу тамаддуни муштарак табдил ёфтааст. Дар бунёди нерўгоҳ имрўз дар маҷмўъ беш аз ҳазор нафар мутахассисони гуногуни соҳаҳои сохтмон ва энергетикаи ду кишвар фаъолият доранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки вазифаи хешро бо дарки масъулияти баланд иҷро намуда, дар сохтмони ин иншооти барои халқу давлати Тоҷикистон хеле муҳим фаъолона саҳм гузошта истодаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Воқеан, шумо дар кори хеле бузург ва таърихӣ, инчунин хайру савоб, яъне дар бунёди иншооте ширкат доред, ки дар оянда ба хонадони мардум нуру зиё ва гармӣ бахшида, солҳои сол дар тавлидоти маҳсулоти саноатӣ ва пешрафти иқтисодиёт мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар сурати сохта, ба истифода додани нерўгоҳи «Сангтўда-2», ки аз ду агрегати иқтидори истеҳсолии ҳар кадомаш 110 мегаватт иборат мебошад, истеҳсоли солонаи барқ дар Тоҷикистон як миллиард киловатт-соат афзун мегардад. Дар ин замина ва дар сурати сарфакорона ба роҳ мондани истифодаи нерўи барқ мушкилоти мардуми мо дар давраи тирамоҳу зимистон хеле сабук хоҳад шуд.

Аз оғоз то ба имрўз барои бунёди нерўгоҳи мазкур дар маҷмўъ зиёда аз 800 миллион сомонӣ (беш аз 184 миллион доллари амрикоӣ) маблағгузорӣ гардида, корҳои асосии сохтмонӣ ба ҷо оварда шудаанд.

Имрўз дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи корҳои сохтмонӣ огоҳӣ пайдо кардем, ки дар иншооти асосиву ёрирасони нерўгоҳ 90 фоизи корҳои бетонӣ ва оҳану бетонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки боиси қаноатмандӣ мебошад. ҳамзамон бо ин, васл ва насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳоло мо бо ташаккул додани шабакаи ягонаи энергетикӣ кўшиш дорем, ки тамоми минтақаҳои кишварамонро дар ҳамаи фаслҳои сол бо барқи истеҳсоли худӣ таъмин намоем. Дар робита ба ин, мо тадбирҳои зиёдро амалӣ гардонида истодаем, ки бунёди нерўгоҳҳои хурд, таъмиру таҷдиди нерўгоҳҳои мавҷуда ва кашидани хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Чанде пеш ба сохтмони хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи Хуҷанд - Айнӣ оғоз бахшидем, ки дар ояндаи наздиктарин ноҳияҳои водии Зарафшонро бо барқи истеҳсоли худӣ таъмин хоҳад кард. Кашидани чунин хатти интиқоли барқ то ноҳияи Ашт низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, мо дар ояндаи наздик сохтмони боз якчанд нерўгоҳҳои хурду миёнаро низ ба нақша гирифтаем ва барои бунёд намудани онҳо ба нерўву ғайрат, маҳорату таҷриба ва иштироки фаъолонаи шумо – бунёдкорони нерўгоҳи «Сангтўда-2» такя мекунем.

Ҳамаи шумо хуб медонед, ки чандин сол инҷониб мардуми Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистон аз норасоии барқ танқисӣ ва азият мекашанд ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат бо иқтидори пуррашон фаъолият карда наметавонанд, ки аз ин ҷиҳат иқтисодиёти мо даҳҳо миллион сомонӣ зарар мебинад.
Аз ин рў, мардуми кишварамон ҳоло бесаброна интизоранд, ки нерўгоҳи «Сангтўда-2» ҳарчи зудтар сохта, ба истифода супорида мешаваду мушкилоташон сабуктар мегардад.
Аз ин лиҳоз, мо умедворем, ки шумо - сохтмончиёни мўҳтарам зарурати нерўгоҳи мазкурро барои мардум ва иқтисоди кишварамон ба таври амиқ дарк карда, бо риояи тамоми меъёрҳову муқаррароти сохтмонӣ шурўъ аз имрўз ба иҷрои корҳои хеш суръати тоза мебахшед.

Мо итминон дорем, ки бо бунёду ба истифода супоридани нерўгоҳи «Сангтўда-2» ва дигар иншооти хурду миёна ва бузурги гидроэнергетикӣ солҳои наздик ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон – таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ноил мегардем.

Дар баробари ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар хотиррасон менамоям, ки аз ҳоло доир ба омодагии ҳамаҷонибаи иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, таъмир ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, захира кардани маводи сўхт, аз ҷумла ангишту гази моеъ ва иҷрои пурраи супориши Роҳбари давлат доир ба гузариш ба лампаҳои каммасраф ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Дар раванди корҳои созандагӣ ҳар кадоми мову шумо бояд дар хотир дошта бошем, ки соли оянда ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунем. Халқи тоҷик баъди ҳазор сол ба ин ормони миллии худ, яъне соҳибихтиёрӣ расида, аз нав соҳиби давлату давлатдорӣ гардид.

Бинобар ин, шумо – бинокорони ин иншооти бузург ҳар рўзро ғанимат дониста, барои то ҷашни пуршукўҳи миллиамон бо сифати баланд сохта, ба кор даровардани нерўгоҳи «Сангтўда-2» тамоми кўшишу ғайрат ва донишу таҷрибаи худро сафарбар намоед. Ин тўҳфаи идона ва бузурги шумо ба мардуми Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ман ба ин итминони комил дорам ва барои амалӣ намудани ин нияти нек ба ҳамаи шумо барори кору сарбаландӣ орзумандам.

Саломат бошед ва дастатон дардро набинад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520