Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Кори Удовички

27.03.2012 13:00

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон бо як қатор иштирокдорони воломақоми он аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои соҳибнуфуз мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар мулоқот бо Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Гурӯҳи минтақавии СММ оид ба рушд хонум Кори Удовички масоили татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуд. 
 
«Мо фаъолияти сохторҳои фаръию ниҳодҳо ва муассисаҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи рушди онро дар кишвари худ самаранок арзёбӣ менамоем», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
 
Кори Удовички Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории бомуваффақияти ин конфронси бонуфузи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти Тоҷикистон, ҳамчунин чун кишвари пилотӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дод.
Гуфтугӯи судманд доир ба тасмимоти ояндаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи омодагӣ ба ҳамоиши ҷаҳонии об, ки тобистони соли равон дар Бразилия баргузор хоҳад шуд, сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон яке аз 6 кишвари ташаббускори ғояи “Энергия барои ҳама” дар ҷаҳон аст. 
 
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳдошти фаъолият дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои офатҳои табиӣ сурат гирифт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки имсол ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатарҳои обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ, ки эҳтимолияти рух доданашон бисёр баланд аст, бояд тақвият дода шавад.
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520