Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

28.06.2018 11:12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ  барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд.  

Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл  дар мавзеи  хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик»  дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби  соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар замин сохта хоҳад шуд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, паймонкори Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии замонавӣ «Шаҳри зебои мо» буда, он дар давоми се сол аз ҷониби фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кохи малика» сохта мешавад ва дар рӯзҳои истиқбол аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин мешаванд. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад.

Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда мешавад ва он дар асоси талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қомат хоҳад афрохт. Таъкид гардид, ки дар сохтмони тамоми қисматҳои осоишгоҳ мутахассисону бинокрони ботаҷриба  ҷалб карда мешаванд.

Дар ҳудуди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҳамчунин бо мақсади таъмини пурраи истироҳату фароғати меҳмонону мизоҷон ва сайёҳон  бунёди бинои табобатӣ, маркази ҷавонон, толор барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун, ошхона, чойхонаи миллӣ, се майдончаи варзишии хӯрд, як майдони варзишии калон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, аквапарк ё худ парки обӣ, истгоҳи нақлиёт ва дигар иншооти табобативу маишӣ барои истироҳаткунандагону мизоҷон пешбинӣ шудааст.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сохтмончиёни Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии муосир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани ин иншооти зебою замонавӣ муваффақияту пешрафти ҳамаҷонибаи кор дар ин иншооти бузургро орзу намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520