Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломати ҳиндӣ низ баҳои баланд дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки саҳми сафорати Ҳиндустон дар ин давра дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла дар самти мубодилаи иттилооту таҷриба дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, омодасозии кадрҳои низомӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ намоён буд.
Зимни сўҳбати пурмўҳтаво муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.