Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Роза Отунбоева барқия фиристод. Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи худ Роза Отунбоеваро ба муносибати дар давраи гузариш ба зиммаи ӯ гузоштани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон табрик намуд.
Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад:
«Мо мисли пештара тарафдорони содиқи муносибатҳои хайрхоҳона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону қирғизистон мебошем. Умед аст, минбаъд мӯътадил гардидани вазъияти қирғизистони бародар, барқарор намудани ҳокимияти қонун дар мамлакат ва риояи тартиботи қонунӣ ба мо имконият медиҳанд, ки муносибатҳои мамлакатҳоямонро бештар аз пештар вусъат бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи худ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар давраи гузариш барору комёбиҳои нав ва ба халқи он сулҳу оромӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамояд.