Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

28.03.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуд.

Доир ба масоили номбурда гузориши Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони масъул шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ, таъмини кишоварзон бо техникаю механизмҳои зарурӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад. Аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва барои тирамоҳу зимистони оянда фаровон захира кардани неъматҳои моддӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар робита ба эҳтимолияти баланди фурӯд омадани тарма ва ярч, обхезиҳои баъди обшавии барфи беандоза зиёди имсола ва боронҳои шадиди баҳорӣ дастур дода шуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ воситаҳои ахбори омма ва дигар имконоти мавҷуда бояд васеъ ҷалб шаванд.

Вобаста ба гармшавии тадриҷии ҳаво, зиёдшавии оби дарёҳо ва дар рӯзҳои наздик кам шудани маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ дастур дода шуд, ки корхонаҳои саноатӣ баъди бемаҳдудият гирифтани нерӯи барқ корро шабонарӯзӣ, дар се баст ташкил намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзун созанд.
Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, амалӣ намудани дигар тадбирҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520