Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрии кормандони прокуратура ва милиса

22.06.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кормандони прокуратура ва милисаро, ки ба вазифаҳои сатҳи баланд дар ин сохторҳо пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзўр намудани назорати прокурорӣ, хусусан дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва муборизаи беамон бар зидди ришваситонию коррупсия ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки вазифаҳои худро бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоянд ва манфиати давлату миллатро аз манфиатҳои шахсию гурўҳӣ ва ҳама манофеи дигар боло гузоранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки кори нек ва ба манфиати халқу Ватан равонагаштаи кадрҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва сохторҳои дахлдори давлатӣ қадр карда мешавад ва баръакс ҳар касе, ки ба ҷинояту қонуншиканӣ роҳ медиҳад, дар чашми аҳли ҷомеа хору залил мегардад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ин сохторҳо низ ҷавобгар мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520