Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескю

09.06.2010 20:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескюро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

Эмри де Монтескю конфронси байналмилалии обро, ки дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Тоҷикистон ва таҳти васоёи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафти иҷрои Барномаи 10 – солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» ҷараён дорад, бисёр муҳим арзёбӣ намуд. Ў ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо мавқеъгирии мусоид ва пешниҳодоти дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ соҳиби обурўю эътибори баланди байналмилалӣ гаштааст.

Ба гуфти ў, Тоҷикистон бо нуфузи байналмилалии худ ба ҳайси як кишвари форсизабон метавонад ҳамчунин дар байни кишварҳои ҳамзабони худ ва дар манотиқи зисти ин мардумон мавқеи хоса дошта бошад.

Дар робита ба ҳолати муҳосираи нақлиётии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Узбекистони ҳамсоя ба назар мерасад, Эмри де Монтескю изҳор дошт, ки «Фаронса ва кулли кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муқобили ҳар гуна амалиёти муҳосиравии миёни кишварҳоанд ва ҷонибдори ҳалли машваратии моҷарои нақлиётии миёни Тоҷикистону Узбекистон мебошанд».

Дар баробари ин ў изҳор дошт, ки Тоҷикистон бояд роҳҳои алтернативӣ низ бунёд намояд, то ки аз вобастагӣ ба роҳи ягонаи аз Иттиҳоди Шўравӣ боқимонда раҳо ёбад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамгироии муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520