Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Бо андўҳи бузург ва эҳсоси хашму ғазаб хабари ҳамлаи ифротгароёну террористонро ба масоҷиди Лоҳур дарёфт намудам.
Чунин амали даҳшатангези гурўҳи ҳама гуна хислатҳои одамиро гумкарда, ки дар марказҳои маънавию рўҳонии мо рух додаст, сазовори ҷазо ва маҳкумият аст ва бори дигар чеҳраи ғайриинсонии терроризмро ба аҳли олам намудор кардааст.
Тоҷикистон ҷонибдори қатъӣ ва усулии саркуб намудан ва решакан кардани ин гуна зуҳуроти манфури глобалӣ буда, дар ин кори хайр аз ҳамкорӣ ва амали муштарак бо Покистони дўст дареғ нахоҳад варзид.
Хоҳишмандам ба наздикони қурбоншудагон ва осебдидагон изҳори ҳамдардии моро бирасонед.