Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

06.04.2010 11:00, шаҳри Душанбе

Дирўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои ҳукумати мамлакат бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, ки дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар вохўрӣ маҷмўи васеи масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои мухталифи он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва хусусан монеаҳои ҷиддии сунъӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бар зидди Тоҷикистон эҷод шудаанд, садди роҳи татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ва умуман рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо гаштааст.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи сару садоҳо оид ба хатари нақшаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд. Вобаста ба ин мавзўъ Сарвари давлат изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс бо татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо минтақаро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунанд, ки комилан ба протсесси Копенгаген ҳамоҳанг аст». «Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёд шудани ҳаҷми партови гази карбон ба ҳаво ҷиддан ба ташвиш омадааст, татбиқи амалии барномаҳои истифода аз энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, на танҳо ба нафъи минтақа, балки ҳамаи ҷаҳон аст», - таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: - «бояд тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои молиявӣ, ин нуктаро дар назар дошта бошанд ва баҳри татбиқи он кўшиш ба харҷ диҳанд».

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ва хусусан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайвастаи тадбирҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили таъмини дастрасӣ ба оби нўшокӣ, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки «Созмони Милали Муттаҳид омода аст барои пурмаҳсул гузаштани конфронси сатҳи олии байналмилалӣ, ки имсол дар Тоҷикистон оид ба масоили об баргузор мегардад, ҳамаҷониба мусоидат кунад».

Дар робита ба нақшаҳои энергетикии Тоҷикистон Пан Ги Мун изҳор намуд: «мо аҳамияти бунёди нерўгоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба нерўи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд» ва таъкид дошт, ки ў «барои ташкил намудани муколамаи роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин мавзўъ кўшиш ба харҷ медиҳад».

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, ҳайати ҳамроҳи ў ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Тоҷикистон муаррифии нақшаҳои обию энергетикӣ ва экологии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои кулли минтақа баргузор гашт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои обию энергетикии Тоҷикистонро шахсан муаррифӣ намуда, меҳмонони олимақомро бо мавқеи созанда ва ба нафъи пешрафту шукуфоии минтақа равона будани он бори дигар ба таври возеҳу равшан шинос кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷўҳи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба мушкилоти мардуми қариб 8 миллионнафараи Тоҷикистон, ки соле 6-7 моҳ дар тўли 15 сол аз камбуди барқу гармӣ азият мекашанд, изҳори умед намуд, ки сохторҳои ихтисосии ин созмони бонуфуз дар ҳалли проблемаҳои зикршуда кўмаки ҷиддӣ хоҳанд кард.

Зимни баррасии фарогири масоили обу энергетикаи минтақа Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ба фоҷеаи баҳри Арал ҷалб намуда, изҳор дошт, ки «маҳз обёрии беандоза зиёди заминҳои дашту биёбон дар кишварҳои минтақа боиси чунин фалокат гардид». «Дар давоми 50 соли охир дар Осиёи Марказӣ қариб 6 миллион гектар замин обёрӣ шуд, ки танҳо 600 ҳазор гектараш ба Тоҷикистон рост меояд, ҳол он, ки 60% тамоми дарёҳои Осиёи Марказӣ аз ҳудуди кишвари мо сарчашма мегиранд ва аз ин захираи фаровони худ Тоҷикистон танҳо 5-7%-ро истифода мебарад», - таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки «аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамин мўҳлат аз 20 миллион ба 63 миллион нафар расид». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки «истеъмоли об дар баъзе кишварҳои минтақа ба сари ҳар нафари аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи умумиҷаҳонӣ 3 маротиба зиёд буда, дар айни ҳол аз 30 то 60% оби дар кишоварзӣ истифодашаванда низ талаф мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро ҷиҳати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ нисбати иншооти гидроэнергетикии худ бори дигар таъкид намуда, ишора кард, ки кишвари мо оид ба ин масъала ҳанўз 3 сол пеш ба Бонки умумиҷаҳонӣ, ки ниҳоди махсусгардондашудаи Созмони Милали Муттаҳид аст, муроҷиат карда буд. Чанде пеш байни Ҷумхурии Тоҷикистон ва бонки мазкур ёддошти тафоҳум дар мавзўи гузарондани ташхиси техникӣ-иқтисодӣ ва экологии лоиҳаи нерўгоҳи Роғун ба имзо расид. Дар айни замон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Созмони Милали Муттаҳид расман муроҷиат намуд, ки «бояд тамоми шабакаҳои истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла обанборҳои сершумори мавҷудаи кишварҳои минтақа, инчунин вазъи экологии он мавриди ташхиси ҷиддии байналмилалӣ қарор дода шавад».

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун аз мавзеи баргузории мулоқот барои шиносоӣ бо намоишгоҳи аксҳо, ки аз фоҷеаҳои сершумори мардуми Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳои зидди пиёдагардон дарак медиҳанд дида карданд.

Зимни шиносоӣ бо ин намоишгоҳи даҳшатбор бо нигаронии зиёд иттилоъ дод, ки «солҳои охир 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз минаҳои зидди пиёдагардон осеб дидаанд, аз онҳо 100 нафараш ҳалок гаштанд. 30% осебдидагонро кўдакон ташкил медиҳанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид метавонад ба бартарафсозии мушкилоти комилан сунъӣ эҷодшуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол намояд. Таъкид гардид, ки интиқоли бемонеаи молу маҳсулот ва сармояву нерўи корӣ, рафтуомади озодонаи одамон ва тадриҷан ба миён овардани фазои боварӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бояд дар мадди аввал бошад. Дар ин робита зарурати фаъолгардонии кори Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақа қатъан таъкид гардид.

Зимни сўҳбатҳо ҳамчунин оид ба ҷиддияти мавзўи амнияти минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ташрифи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зиёфати расмӣ орост.

Зимни сухани ифтитоҳии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Таъмини ҳамгироии минтақавӣ, истиқрори вазъ дар Афғонистони ба мо ҳамсоя, ширкати фаъол дар баррасии мавзўъҳои глобалии сайёра ба мисли об ва тағйирёбии иқлим, амал намудан ба ҳайси кишвари пилотӣ дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва даҳҳо дигар мавзўъҳои доғи рўз аз вазифаҳои рўзмарраи дохилию хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ин росто бо назардошти вазъи печидаи минтақа Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази дипломатияи пешгирикунандаи он дар Осиёи Марказӣ бояд таваҷҷўҳро ба масоили мо дучанд ва сечанд намоянд, то ҷойи айбдоркуниҳову муносибати шубҳаангези кишварҳои онро фазои эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ ишғол намояд ва рушди Осиёи Марказӣ бо истифодаи дўстонаи ҳамаи захираву имкониятҳои кулли кишварҳо таъмин гардад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни суханронӣ омодагии устувори худро баҳри баррасии амиқи масоили ҳалталаби Осиёи Марказӣ ва ҷоннок намудани дипломатияи пешгирикунанда бори дигар таъкид дошта, ҳамзамон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврўз табрику таҳният гуфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520