Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан

28.04.2019 14:48, Чин

 

28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва Ҳукумати Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум ва истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бисёр арсаҳои барои Тоҷикистону Чин судманд, аз ҷумла татбиқи муштараки иқдому ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ”, “Роҳи иқтисодии Абрешим”, иштироки Чин дар рушду пешрафти кишвари мо ва сармоягузории татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Чин - дӯстони нек, ҳамсояҳои хуб ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин ду стратегияи муҳим вазифаҳои монандро дар бар гирифта, татбиқи онҳо муносибатҳои Тоҷикистону Чинро таҳкиму густариш хоҳанд дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520