Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттис

31.03.2012 09:00

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттисро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамгироии судбахши сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ ҳамзамон роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории минбаъда муҳокима гардид.

«Тоҷикистон ҳамоно хоҳони тавсиаи бештари ҳамёрӣ бо Амрико дар бахшҳои мухталифи амниятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошад», - изҳор намуд зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷеймс Маттис ба нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон ва ҳам дар бозсозии иқтисодиёти ин кишвар баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо арзи сипосу қадрдонӣ кард.

Таъкид гардид, ки бо назардошти нақши буферии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Амрико минбаъд низ кумакҳои худро ба нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои низомию амниятии дахлдори кишвари мо дареғ намедорад, пеш аз ҳама барои тақвият додани заминаи моддию техникии онҳо. Аҳамияти густариши чунин ҳамкорӣ, хусусан аз соли 2014, ё худ пас аз хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз Афғонистон калон арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои иҷтимоӣ-сиёсии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520