Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Президенти Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескю

12.06.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоќот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «шарики асосии Тоҷикистон дар ќитъаи Аврупо» арзёбӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори ќаноатмандӣ намуд. Ба ҳамкории сохторҳои дифоии ду кишвар низ баҳои баланд дода шуд.

Эмри де Монтескю «Таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон ва маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои барќарорсозии сулҳу осоиш дар Афғонистон басо муҳим» арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки «Фаронса ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст».

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории иќтисодии Тоҷикистону Фаронса сурат гирифт. Намояндаи махсуси Президенти Фаронса иттилоъ дод, ки сохтмони терминали нави муосир дар фурўдгоҳи шаҳри Душанбе то 20 – солагии истиќлоли Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ба анҷом хоҳад расид. Ҳарду ҷониб ба густариши бештари ҳамкории иќтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар масоилеҳи сохтмонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520