Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дар шаҳри Душанбе

04.09.2019 12:06, шаҳри Душанбе

4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” санги асос гузоштанд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи тарҳи бунёди меҳмонхона шинос шуданд.

Бунёди иншоот дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 августи соли 2019 таҳти рақами 504 ба роҳ монда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона дар яке аз мавзеъҳои хеле мувофиқи пойтахт сохта мешавад. Он аз 9 ошёна иборат мебошад ва дараҷаи 5 ситораро дошта, “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” номгузорӣ шудааст.

Барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад полюлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ сохта мешавад.

Дар вақти бунёди бинои меҳмонхона ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон сохтмончиён қоидаҳои меъмории миллӣ, истифодаи нақшу нигор ва тарҳи шарқиёнаи лоиҳаро риоя менамоянд.

Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дорои марказҳои хизматрасонӣ-фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварии даруна, толори зебоӣ, марказҳои солимгардонӣ-фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 автомобил, мебошад.

Иншооти наву замонавӣ дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад. Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи меҳмонхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти кишвар баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гушаҳои фуруши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ, ҳидоят карданд.

Оғози сохтмони меҳмонхонаи муосир ба рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омада, дар рафти сохтмон даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷой кор мешаванд.

Бунёду ба истифода додани меҳмонхонаи наву муосир тадбири муҳими таъмини инфрасохтори сайёҳи дар доираи солҳои 2019-2021 ”Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншоот ҳамчунин барои баргузории чорабаниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад, зеро дар онҳо барои қабули меҳмонони воломақом ва ҳайатҳои бонуфуз тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 11 июли соли 2019 дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Ҳамон вақт зимни муаррифии иншоотҳо Президенти мамлакат барои такмили лоиҳаҳои бунёди меҳмонхонаҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Инак баъди такмили лоиҳаҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ иқдом пеш гирифта шуд.

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Як гуруҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд.

Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зарурӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷҷаҳаз мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.

Мувофиқи иттилоъи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520