Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2019 10:30, шаҳри Душанбе

Ба муносибати фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонатарини ин ҷонибро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.

Кишвари Шумо дар шоҳроҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият қадам зада, дар умури минтақвӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим ва созанда дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро қайд менамоям. Миёни давлатҳои мо муколамаи пурмӯҳтавои сиёсӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷонибҳо дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ, ҳамчунин СММ ва САҲА самараи хуб медиҳанд.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Россия ва Тоҷикистонро дар минбаъда низ таҳким хоҳем бахшид.   Ин амр, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо ва раванди таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому комёбиҳо ва ба ҳамватанони Шумо саодату хайрият орзумандам». 

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии сарвари давлати мо чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент, 

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам  табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба Шумо ва ба мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 28-мин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Шумо дар Чин дар Дуввумин форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар чорчӯбаи “Як камарбанд ва як роҳ” ширкат варзидед. Моҳи июни соли равон ин ҷониб ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, дар мулоқоти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок доштам. Мову Шумо музокироти самарбахшеро доир намуда, ба мувофиқаҳои васеъмиқёс расидем ва нақшаи нави густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф таҳия намудем. Ман ба рушди муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳам ва ният дорам дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати бемайлон  бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бар нафъи кишварҳо ва мардумони мо саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодату некӯаҳволӣ орзумандам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам Президент Раҳмон,

Боиси хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи истиқлол табрик намоям.

Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ дастригии соҳибистиқолӣ ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати тақкими амнияти байналмиллалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.

Иёлоти Муттаҳида пуштибонии худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшоп идома хоҳад дод».

Нурсултон Назарбоев, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз самими қалб Шуморо ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол табрику муборакбодӣ менамоям.

Дар Қазоқистон саҳми Шуморо дар муттаҳид гардонидани ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини пешрафти босуръати кишвар дар шоҳроҳи тараққиёту шукуфоии сиёсиву иқтисодӣ баланд арзёбӣ менамоянд.

Дар як давраи аз нигоҳи таърих кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, мақоми нақшофари фаъолу бонуфузро на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиб гашт.

Итминони комил дорам, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои мо дар оянда низ таҳким ёфта, ба нафъи мардумонамон босуръат рушд хоҳанд кард.

Умед дорам, ки тамосҳои дӯстонаи шахсии мо дар минбаъда низ идома хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳҳатии бардавому дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзу намоям». 

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тоҷикистон тайи солҳои рушди соҳибистиқлолии худ таҳти роҳбарии Шумо роҳи таҳаввулоти муҳимро тай карда, дар кори бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва обрӯву эътибораш дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.

Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳамеша изҳори хушнудӣ менамоянд ва ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва эътимодбахш байни давлатҳои мо аҳаммияти хосса медиҳанд.   

Итминон дорам, ки муколамаи сиёсии кушодаву равшан ва зиче, ки миёни мо ба вуқӯъ пайвастааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимоди рушди рӯзафзуни шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон хизмат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон хушрӯзиву шукуфоӣ орзумандам».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат   Мирзиёев, чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллии кишвар - Рӯзи истиқлол сидқан табрику муборакбодӣ менамоям!

Дар ин рӯзи хотирмон мехостам комёбиҳои арзишмандеро, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти созандаи иқтисодии фарогири тамоми соҳаҳо, роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии прагматикӣ ва таҳкими обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, махсусан таъкид намоям.

Татбиқи самарабахши барномаву ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ, ки мавриди дастгирии мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаётро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, шоёни баҳои баланд мебошад.  

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги ходими давлатии Шумо имконпазир гардидаанд.

Боиси хушнудист, ки робитаҳои анъанавӣ дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории байни Ӯзбекистону Тоҷикистони ба ҳам бародар, ки решаҳояшон аз қаъри таърих маншаъ мегиранд, имрӯз низ босуръат рушд карда, дар асоси усули шарикии стратегӣ бомаром таҳким меёбанд.

Бо талошҳои муштарак мо тавонистем, ки дар таърихи муносиботи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фасли навро оғоз намоем ва онҳоро ба сатҳи сифатан нав бардошта, бо мазмуну мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонем.

Мехостам садоқати қавии моро ба таъмиқи минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба аз рӯи тамоми рӯзномаи ҳамдастии ҷонибҳо ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон, ҳамчунин бар манфиатҳои сулҳу рушди устувори ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии бардавом, хушрӯзии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, сулҳу шукуфоӣ орзумандам». 

 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Сооронбай Жээнбеков  чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбодӣ менамоям.

Муваффақиятҳои назаррасе, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо то имрӯз дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба даст омадаанд, хусусан таъсирбахш мебошанд.

Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои воқеан дустонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни Қиргизистону Тоҷикистон бо дастгирии шахсии Шумо минбаъд ҳам дар ростои манфиатҳои мардумони ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, сиҳатии бардавому некрӯзӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон  комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно менамоям».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон мехостам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти саодатмандиву шукуфоиро ба мардуми тоҷик иброз намоям.

Умед дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои наҷиби сиёсии байни кишварҳои мо  минбаъд низ таъмиқ хоҳанд ёфт.

Аз ин нигоҳ машваратҳои сеюми дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки 29 январи соли 2019 доир гардиданд,  муваффақомез буданд. Ташрифи котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ Жан –Батист Лемуан ба Тоҷикистон дар таърихи 18 апрели соли равон барои мо имкон фароҳам овард, ки самтҳои ҳамкориҳоямонро тавсеаи бештар бахшем. Изҳори умед менамоям, ки мо  чунин ҷараёни  хубро дастгирӣ хоҳем кард.  

Умед бар он мебандам, ки ҷараёни дар муносиботи мо оғозгардида мубодилаи  мушаххаси моро оид ба мавзуоти мавриди манфиатҳои умумӣ   тақвияти бештар хоҳад бахшид.

Ҷаноби Президент, аз Шумо қабули изҳори эҳтироми фоиқаи ин ҷонибро хоҳишмандам».

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:

«Бародари муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худованд ҳифзатон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом, ба Ҳукумат ва мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия – Франк-Валтер Штайнмайер дар матни табрикотии худ гуфтааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти худро ирсол менамоям.

Олмон аввалин  кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуд

Аз он вақт инҷониб муносибатҳои байни Тоҷикистону Олмон мунтазам инкишоф ёфта истодаанд. Олмон минбаъд низ барои кишвари Шумо дар ҷодаи таҳкими демократия ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамчун шарики боэътимод боқӣ хоҳад монд.

Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо, сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам».

Дар табрикномаи Императори Япония Наруҳито чунин омадааст:

 «Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми кишвари Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар номаи табрикотӣ чунин навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуматонро бо иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлол аз самими қалб табрик менамоям.

Имрӯз Тоҷикистони дӯст соҳибистиқлолии худро таҳким бахшида, ба иқтисодаш рушд рушд дода, некӯаҳволии мардумашро боз ҳам беҳтар гардонида,  дилпурона ба сӯи пеш қадамҳои устувор гузошта истодааст.    Кишвари Шумо ҳамзамон дар истиқрори сулҳу суботи ҷаҳону минтақа, амният ва муколамаи байналмилалӣ саҳми шоён гузошта истодааст.

Бовар дорам, ки он иқдомоте, ки аз ҷониби мо ҷиҳати тавсеаи миқёси ҳамкориҳоямон ва таҳкими равобити дуҷонибаи кишварҳоямон, ки бар асоси эҳтироми якдигар ва эътимод сурат мегиранд, ҳамеша бар нафъи мардумонамон хидмат хоҳанд кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар чунини рӯзи хотирмон ба Шумо саломатии бардавому дар корҳоятон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон – доктор Ориф Алви, чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли майл шуморо ба муносмбати ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният менамоям.

Байни Покистон ва Тоҷикистон равобити самимӣ ва дӯстона вуҷуд доранд, ки решаҳои амиқи динӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Майли дуҷонибаи мо ҷиҳати таъмин намудани сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа ҷоннок намуданн талошҳоро барои ҳамкории минбаъда талаб мекунанд. Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем муносибатхои дуҷонибаи мавҷударо байни Покистон ва Тоҷикистон минбаъд мустаҳкам намуда, ба куллаҳои баланд равона созем.

Ин фурсатро ганимат дониста, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сихатии комил, пирӯзиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон - сулҳу пешрафтиӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медорам».

Аълоҳазрат Ал-Султон Абдуллоҳ Риоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни Ал-Марҳум Султон Ҳоҷи Аҳмад Шоҳ Ал-Мустаъин Билоҳ, Шоҳи Малайзия табрикоти худро бо мазмуни зайл ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси хушнудист, ки табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни фараҳбахш -28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.

Мо мехоҳем итминони худро ба пешрафту рушди муваффақонаи минбаъдаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Шумо изҳор намоем.

Мо аз даргоҳи Худованди бузург барои Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу некрӯзӣ ва барои тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоии бардавому сулҳу саодатмандӣ масъалат дорем».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеролии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Марсело Ребело ди Суза, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – хонум Ҳалима Якоб, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба - Мигел Диас-Канел Бермудес, Валиаҳд–Муовини Раиси Шӯрои вазирон–вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Давлати Фаластин – Маҳмуд Аббос -  ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520