Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод

10.09.2019 13:48, ноҳияи Мӯъминобод

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвар давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо солгарди 28 - уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таҳлили вазъи рушди ноҳия нишон медиҳад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатдӯсти ноҳия дар самти пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат барои рушди ноҳия беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тайи 15 соли охир дар ноҳияи Мӯъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2016-2019 бунёди 182 иншооти ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз аз иншооти ба нақша гирифташуда 32 иншоот пурра анҷом ёфта, корҳои сохтмон дар 41 иншоот идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки барои татбиқи тадбирҳо ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида,  захираҳои дохилиро низ самаранок истифода баранд.

Дар маркази ноҳия ва деҳоти он сохтмону азнавсозии маркази хизматрасонӣ бо сехи дӯзандагӣ, коргоҳи коркарди шир, якчанд маркази хизматрасониву бозор ва мумфарш кардани як километр роҳи шаҳраки Мӯъминобод, маркази саломатӣ дар деҳаи Тутқавул, толори варзиш ва озмоишгоҳ дар назди гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”, маркази омӯзиши касбу ҳунар ва синфхонаҳои иловагӣ, корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳанатарош, майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва меҳмонхона ба анҷом расидааст.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ҳоло зиёда аз 5 ҳазор буда, 85 фоизи онҳоро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияро барои истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ, дар ин замина ҷоннок кардани фаъолияти соҳаҳои саноати коркард, сабук, алалхусус, корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ, коркарди мева, аз ҷумла меваҳои табиӣ, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи кории нав ҳидоят карданд.

Қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба соҳаи чорводорӣ рост меояд ва тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, инчунин, бо истифода аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Табиати нотакрори ноҳия барои ҷалби сайёҳон хеле созгор аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо дарназардошти мавҷуд будани неъматҳои фаровони моддӣ ва рушди сайёҳӣ аз имкониятҳо барои рушду пешрафти ноҳия ва беҳдошти сатҳи зиндагӣ самаранок истифода баранд.

Баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳимми мамлакат, махсусан, муассисаҳои маорифу тандурустӣ аз имрӯз сар карда, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охир бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни умумимиллӣ табрик гуфта, онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлтии Тоҷикистон, дар ҳаёт татбиқ сохтани қонунҳои миллии ҷумҳурӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими расму оин дар Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар” ҳидоят карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун ҷавонону собиқадорон баромад карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520