Эъҷози Раҳмон
(Маҷмӯаи шеърҳо дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)
Китоби «Эъҷози Раҳмон» ба ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҷоннисориҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи раҳнамун сохтани миллати тоҷик ба замони шукуфоиву инкишоф тараннум мекунад. Он аз шеъру шеъргунаҳое иборат аст, ки аз чашмасорони қалби шоирони касбиву ҳаваскор, деҳқонони хокпошу коргарони заҳматкаш бо эҳсоси баланди садоқату муҳаббат дар ситоиши ин абармарди сиёсат фаввора задаанд. Аз ин лиҳоз, китоби мазкур базудӣ ба дили хонандагон роҳ хоҳад ёфт.
Мураттибон:
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА
Нақиб МУРОДОВ
Муҳаррир:
Ато МИРХОҶА
Зери назари :
Меҳмон БАХТӢ
Душанбе: «Ирфон». - 2011. – 372 саҳ.