Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ

22.02.2012 14:00

Мўҳтарам афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 19-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас - ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа комёбиву барори кор орзу менамоям.

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷўҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерўи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона ва далерона хизмат кард.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба номи муҳофизони шуҷои Ватан ва эҳтироми мардуми кишвар на ҳар кас мушарраф шуда метавонад. Зеро ин касби душвор, вале пурифтихор аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ нияти нек, садоқат ба Ватан – Модар, виҷдони пок ва дили гармро тақозо мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон имрўзҳо низ ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, бо кадрҳои баландихтисос такмил додани сафҳои онҳо, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсӣ диққати махсус зоҳир менамояд.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ўҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.

Бори дигар ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва халқи Тоҷикистонро ба муносибати рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ, дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Идатон муборак, муҳофизони далеру шуҷои Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520