Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон

26.06.2012 11:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва тавассути музокироти зиёди мураккаби тарафҳои муқобил ва ҷаҳду талошҳои тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ба сулҳу салоҳи ҳамагонӣ расидан ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфт.

Ба ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии кафили сулҳ ва ҳамчунин ҳар як нафаре, ки дар барқарорсозии сулҳу осоиш дар Тоҷикистон як зарра ҳам саҳм гузоштааст, арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва ҳамвазни истиқлолияти давлатии Ватани азизи мо номида, аҳли толор ва кулли мардумро ба қадрдонию арҷгузорӣ ба ин санаи таърихӣ ва иди пурифтихори ҳамагонӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки «Мо соҳибдавлату соҳибватан будани худро бо кору амали созандаю ваҳдатофариамон бояд собит намоем».

Дар фарҷоми суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки яке аз хиёбонҳо ва ё майдонҳои пойтахт Ваҳдати миллии Тоҷикистон номида шуда, дар он рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар гузошта шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520