Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Хабари зилзила дар музофоти Элазиг, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андўҳгин намуд.
Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дўсти Туркия изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.