Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро, ки бо як ҳайати бонуфуз барои мушоҳида аз рафти интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуд.
Сергей Лебедев аз рафти мушоҳидаҳои ҳайати 160 – нафараи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 4 – уми феврали соли равон дар ин ҷо фаъолият доранд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон талаботи Конвенсияи стандартҳои интихоботии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил риоя мешаванд».
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «роҳбарияти давлати Тоҷикистон тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки интихобот дар фазои шаффофу демократӣ ҷараён гиранд ва мардум озодона овоз диҳанд».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши робитаҳои стратегии Тоҷикистону Русия гуфтугўйи судманд сурат гирифт.