Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон

05.01.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!
Падарону модарони арҷманд!
Бародарону хоҳарон ва фарзандони азиз!

Ман ба ҳар кадоми шумо дар айёме муроҷиат менамоям, ки мардуми сарбаланди тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як соли бунёдкориву созандагиро сипарӣ карда, бо нияти нек ва нақшаҳои бузург ба сўи ояндаи обод қадамҳои устувор мегузоранд ва дар арсаи ҷаҳон мақоми шоистаи худро беш аз пеш таҳким мебахшанд.

Ва чунон ки шумо медонед, ибтидои асри нав ва ҳазорсолаи нав давраи пешрафти босуръати илму техника ва технология, инчунин ҷаҳонишавии раванду проблемаҳои ҷомеаи башарӣ мебошад.

Дар чунин шароит ҳар як кишвар, хусусан давлатҳои пешрафтаву абарқудрат ба хотири мустаҳкам кардани мавқеъ ва мақоми сиёсиву иқтисодии худ ба андозаи бесобиқа кўшиш менамоянд.

Аз ин лиҳоз, мо низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд на танҳо асолати миллии худро ҳифз намоем, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаву софдилона рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созем.

Тавре ки ба ҳар кадоми шумо маълум аст, ҳукумати мамлакат роҳҳои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ намуда, онҳоро тадриҷан амалӣ мегардонад.

Ҳамчунин хотиррасон бояд намоям, ки мо имрўз ғайр аз сохтмони нерўгоҳи Роғун доир ба ҳарчи зудтар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишварамон корҳои муҳими дигарро низ босуръат пеш мебарем.

Яъне бо сарфи беш аз чор миллиард сомонӣ инфраструктураи муосири энергетикӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат бунёд намуда, нерўгоҳҳои даҳсолаҳои пеш сохташударо таъмиру таҷдид карда истодаем.

Дар зарфи ҳаждаҳ соли истиқлолият мову шумо сулҳу осоиш ва ваҳдати миллиро дар шароити басо вазнин барқарор сохтем, зиёда аз як миллион нафар гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонида, миллати тоҷикро сарҷамъ намудем, роҳҳои оҳану мошингард, нақбу пулҳо, нерўгоҳу хатҳои интиқоли барқ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ, мактабу бемористонҳои нав ва садҳо иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро бунёд кардем.

Ҳамватанони азизи мо аз васоити ахбори умум хуб дарк кардаанд, ки дар ояндаи начандон дур масъалаи об ба ҷиддитарин проблемаи аҳли башар ва мушкилоти рақами аввали сайёра табдил меёбад. Аллакай имрўз дар бисёр давлатҳои ҷаҳон нархи оби нўшокӣ аз сўзишворӣ се-чор баробар қиматтар аст.

Бахти баланди мост, ки ҳарчанд захираҳои бузурги нафту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нўшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад.

То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд ва дар сурати истифодаи оқилонаву самарабахши ин захираи бузурги гидроэнергетикӣ мо имкон дорем, ки дар як сол садҳо миллиард киловатт-соат нерўи барқ истеҳсол намоем.

Вале мо имрўз ҳамагӣ панҷ фоизи ин сарвати миллиро азхуд кардаем, ки ин барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва талаботи соҳаҳои иқтисоди миллиамон тамоман кифоят намекунад.

Бинобар ин, солҳои охир мардуми мо дар давоми шаш-ҳафт моҳи тирамоҳу зимистон аз нарасидани барқ шадидан азият мекашанд, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба таври мўътадил фаъолият карда наметавонанд. Яъне кам будани барқ то ба имрўз монеаи асосии рушди иқтисоди миллӣ гардидааст.

Маҳз ба хотири рафъи ҳамин мушкилот мо ду сол пеш сохтмони нерўгоҳи бузурги Роғунро, ки хеле корҳои он дар солҳои 80-уми асри гузашта анҷом ёфта буданд, аз нав оғоз кардем.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки нерўгоҳи Роғунро мебоист давлати муқтадири вақт бо ҷалби имконияти даҳҳо корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мекард. Лекин ба ҳукми тақдир сохтмони иншооти азими Роғун бар дўши мардуми мо афтод.

Дар шароите, ки дунёро бўҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст ва Тоҷикистони мо низ аз таъсири манфии он зарар мебинад, ба ин иқдом даст задан кори саҳлу осон набуд. Зеро бунёди ин иншоот масъулияти бузург ва маблағгузории ниҳоят калонро талаб менамояд.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон имрўз бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ қотеъона саъю талош дорад, ки ин ормони деринаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳад.

Имрўз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерўгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди кўҳкан синаи кўҳи хороро мешикофад, пеши дарёи шўху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро чароғистон мегардонад.

Муҳимтар аз ҳама, ман имрўз дида истодаам, ки халқи сарбаланди тоҷик ва ҳар як фарди баору номус зарурат ва аҳамияти ин иншооти сарнавиштсозро бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд. Ва ин, албатта, ба роҳбарияти давлат, инчунин бинокорон нерўву илҳоми тоза мебахшад.

Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.

Чунки Роғун на танҳо манбаи нуру рўшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад!

Ҳамватанони азиз!

Ман ҳамчун Президенти кишвар ҳамеша ба азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон такя менамоям. Зеро халқи тоҷикро ҷаҳониён ҳамчун яке аз миллатҳои бостонӣ ва бонангу номус, мардуми хирадманду тамаддунсоз, адолатхоҳу бунёдкор, заҳматкашу ободгар ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Аз ин рў, ман итминони комил дорам, ки ҳар фарди Тоҷикистон, яъне пиру ҷавон чун ҳарвақта бо муҳаббат ва садоқати гарму самимӣ нисбат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ, инчунин бо пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат сохтмони нерўгоҳи Роғунро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ мекунад.

Мувофиқи нақшаи ҳукумат навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Роғун, яъне ду агрегати нахустини он дар солҳои наздиктарин мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар баробари ин, барои тезонидани суръати сохтмон ва ба моликияти истисноии давлату мардуми Тоҷикистон табдил додани он мо тасмим гирифтем, ки саҳмияҳои ин иншооти сарнавиштсози миллиро бо кафолатҳои зарурии ҳуқуқӣ барои фурўш ба шаҳрвандони кишварамон ташкил намоем.

Ва итминон дорем, ки мардуми бонангу номуси Тоҷикистон ин ташаббуси моро, ки ҳадаф аз он танҳо беҳтар шудани зиндагии худи халқ аст, дастгирӣ мекунанд.

Акнун зарур аст, ки ҷиҳати ба ҳаёт татбиқ шудани ин мақсади олии таърихӣ мо тамоми захираву имкониятҳои худро ба сохтмони ин иншооти азими аср сафарбар намоем!

Чанде пеш ҳангоми боздид аз ҷараёни сохтмони нерўгоҳи Роғун ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, майдони сохтмони онро ҷабҳаи меҳнати созанда эълон карда будам ва дар ин лаҳзаҳо бори дигар ба тамоми шаҳрвандони давлати соҳибистиқлоламон, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва андешаву мафкураи онҳо изҳор медорам, ки Роғун корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад!

Таърих ва тақдир халқи моро борҳо бо имтиҳони сахту сангин рўбарў кардааст, вале мардуми мо ҳамеша аз онҳо сарбаландонаву аҳлона ва бо муттаҳид гардонидани тамоми зўру тавони худ гузаштаанд.

Ҷиддитарин озмоиши тақдир барои халқи мо – ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки дар он рўзҳо хатари ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистон ва пароканда шудани миллати тоҷик воқеан таҳдид мекард.

Вале миллати хирадманду солори мо бар аҳримани ҷангу куштор бо ақлу заковати худ пирўз шуд ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузошт.

Шубҳае нест, ки мо аз ин озмоиши ҷиддии таърих низ бо сари баланду рўи сурх мебароем ва яктану якҷону якмаром будани худро исбот мекунем!
Итминони комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон ваҳдати ҷовидона ва иттиҳоди пўлодини худро бори дигар ба аҳли башар нишон медиҳад ва созандаву бунёдкор будани хешро собит месозад!

Дар чунин шароит зарур аст, ки адибону олимон ва умуман аҳли зиё, пирони рўзгордидаву ҷавонони ғаюр, мардони оқилу дурандеш ва занону модарони боҳиммати Ватан, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ходимони дин дар масъалаи даъвати мардум ба ин кори хайр фаъол бошанд ва бо саҳми шахсии худ ба дигарон ибрат нишон диҳанд.

Ман ба соҳибкорону тоҷирони баландҳиммат, ки барои рушди иқтисодии мамлакат шабу рўз заҳмат кашида, то имрўз дар ташкили истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоштаанд, муроҷиат менамоям, ки дар ин кори хайр низ ҳиссаи ватандўстонаву сазовор гузоранд!

Ман ба фарзандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар кору зиндагӣ доранд ва ҳамеша дар фикри ободии сарзамини аҷдодӣ ва осудагии хонаву кошонаи худ ҳастанд, муроҷиат мекунам: шумо низ метавонед, ки ба ин кори хайри умумихалқӣ фаъолона шарик шуда, саҳми арзандаи худро дар бунёди нерўгоҳи Роғун, яъне манбаи нуру гармии хонаводаи хеш гузоред!

Ҳамватанони мо – онҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ҳамчунин метавонанд барои ободиву шукуфоии зодгоҳ ва Ватани аҷдодии худ сармоягузорӣ кунанд.

Ман ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҳамватанони бурунмарзии худ ва кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳонро, ки Тоҷикистонро Ватани аҷдодии хеш медонанд, даъват менамоям, ки ин иншооти тақдирсози хонаи умедашон – Тоҷикистонро дастгирӣ карда, дар бунёди ин кохи нур саҳмгузор бошанд!

Ман ба тамоми ҳамватанони азизамон, ба ҳар як шахси бонангу номус, некиродаву хайрхоҳ ва ба ҳамаи онҳое, ки нияти дастгирии ин иқдоми хайри моро доранд, муроҷиат карда, мехоҳам бо итминони комил изҳор намоям, ки бо бунёди Роғун мо имрўзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем!

Зеро Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод!

Роғун – ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!

Роғун - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!

Аз ин рў, саҳмгузорӣ ба ин иншооти аср қарзи фарзандии ҳар як инсони худогоҳ ва фарзи мусулмониву имондории ҳар шахси мўъмин ба шумор меравад.

Зеро Пайғамбари Худо – ҳазрати Муҳаммади мустафо дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст: «Вақте инсон вафот мекунад, савоби амалҳояш боздошта мешавад, ғайр аз се амал, ки савобаш боздошта намешавад:

Якум, садақаи ҷория, яъне кор ва амали хайре, ки фоида ва самари он ба дигарон мунтазам мерасад: мисол, роҳу пул ва масҷиду бино сохтан, боғ бунёд кардан, чоҳ кофтану об баровардан ва монанди инҳо.

Дуюм, аз шахс илме монад, ки мардум аз он манфиат баранд, мисол китоби судманде нависад ё шогирди неке тарбият кунад, ки фоидааш ба мардум расад.

Сеюм, фарзанди солеҳе тарбият кунад, ки пас аз марги волидайн дар ҳаққи онҳо дуои нек фиристад ва дигарон аз ў манфиат бинанд».

Касоне, ки саҳмияҳои Роғунро харидорӣ менамоянд ва онҳое, ки бо роҳҳои гуногун дар бунёди нерўгоҳ ҳисса мегузоранд, бовар дошта бошанд, ки дасти имдоди фарзандӣ ба модари худ – Тоҷикистони азизи беҳамто дароз кардаанд.

Зеро боз ҳам Расули акрам мефармояд, ки Ватан модари дуюм аст. ҳоло фурсате фаро расидааст, ки мо баландҳимматӣ ва ватандўстии худро дар амал собит намоем. Воқеан дўст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан, инчунин аз сахтиву мушкилӣ раҳо кардани бандагони Худо яке аз фармудаҳои дини мубини ислом мебошад, ки дар ин бобат Расули Худо низ фармудааст: «Муҳаббат ба Ватан аз имон аст».

Дигар ин, ки мо набояд ба умеди дигарон бошем. Зеро Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрўзу фардои он низ дар дасти худи мост.

Бинобар ин, мо – соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!

Фикр мекунам, ки ин нуктаро ҳар фарди огоҳ ва ватандору ватандўст бо мағзи ҷону устухони худ дарк мекунад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки давлатҳои мутараққии олам ба сатҳи имрўзаи тараққиёти худ якбора нарасидаанд. Онҳо низ дар давраҳои бисёр душвори таърихӣ қарор доштаанд, вале бо заҳмати аҳлона, саъю талоши дастаҷамъона ва муҳимтар аз ҳама, бо роҳи сарфаю сариштакорӣ мушкилоташонро ҳал кардаанд.

Ман ба ҳар шахсе, ки нияти дастгирии сохтмони нерўгоҳи Роғунро дорад, изҳор менамоям: шумо дар хотир дошта бошед, ки саҳматон дар сохтмони ин иншооти барои имрўзу фардои Ватан ҳаётан муҳим аз ҷониби наслҳои оянда чун тимсоли фидокорӣ ба хотири рушди Ватану миллат эътироф ва қадрдонӣ хоҳад шуд.

Мардуми Тоҷикистон, ки ҳаждаҳ сол инҷониб ба шарофати соҳибистиқлолӣ тақдири давлату давлатдории худро ба дасти худашон гирифтаанд, хуб мефаҳманд, ки аз мўҳтоҷӣ баромадан, мушкилоти Ватан ва хонаву дари худро бо дасти худ осон кардан ва сарзамини аҷдодиро бо ҳиммату ғайрати худ обод намудан чӣ қадар арзишу манфиат ва дар айни замон чӣ нишоту хушбахтӣ дорад.

Агар мову шумо ғайрату ҳиммат карда, як-ду соли дигар хароҷоти маъракаву маросимҳо ва дигар чорабиниҳоро боз ҳам камтар созем ва ба маблағҳои сарфашуда саҳмия харидорӣ кунем ва минбаъд низ ҳамчун миллати фарҳангиву соҳибтамаддун сарфаю сариштакориро ба меъёри зиндагии ҳаррўзаи худ табдил диҳем, бовар дорам, ки бунёди Роғун ва ба он монанд иншооти муҳим барои мо кори чандон сахту мушкил нахоҳад буд.

Ба ибораи дигар, имрўз фурсати ватанхоҳиву ватандории ворисони тамаддуни поксиришти ориёӣ, меросдорони Рўдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ибни Сино, Носири Хусраву Мавлавӣ, Саъдиву ҳофиз, ҷомиву Камоли Хуҷандӣ ва ҳазорон фарзонаҳои миллат расидааст!

Имрўз вақти озмоиши рўҳи бешикасти авлоди Спитамену Деваштич, Абўмуслиму Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон родмардони ин миллати фарзона омадааст!

Имсол – дар хатми Соли бузургдошти пири мазҳаби таҳаммулгарои суннату ҷамоат – Имоми Аъзам вақти имтиҳони имондории фарзандону пайравони ў, инчунин Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва дигар алломаҳои олами ислом фаро расидааст!

Ҳамватанони азиз!

Дар хотир дошта бошед, ки зиндагӣ бо ҳама каму костиҳояш мегузарад, вале аз ҳама беҳтар ин аст, ки мо ҳама якдилу якҷон шавем ва миёнро маҳкам баста, ҳар кадомамон як амали хайру кори савобе анҷом диҳем ва барои наслҳои оянда аз худ ному нишони нек боқӣ гузорем.

Имрўз таърих бар дўши мову шумо – мардуми шарофатманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург - бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург мебошад!

Он рўз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт!

Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрўзу фардои мост!

Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!

Дар бунёди он ба ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз ва мардуми соҳибдавлату соҳибватан сарбаландӣ ва авҷу барори кор орзумандам!

Ман ҳамчун Роҳбари давлат савганди ёдкардаи худро дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олӣ ва ҳангоми ба ҳайси Президент интихоб шуданам ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ фаромўш намесозам ва то нафаси охирин барои амалӣ кардани он, яъне хизмат ба мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ва ободии Ватани маҳбубамон заҳмат мекашам.

Зеро ман ҳамчун Сарвари интихобкардаи шумо вазифадорам, ки ҳамеша ғамхору хизматгори шумо бошам.

Бинобар ин, ба ҳар кадоми шумо – падарону модарони азиз, бародарону хоҳарон ва фарзандони меҳрубон, муроҷиат карда, мегўям:

Миллати азизу тоҷдори ман! Имрўз вақти исбот кардани тоҷдориат расидааст!

Миллати арҷманду сарбаланди ман! Имрўз замони нишон додани нангу номус ва ғайрату ҳиммат фаро расидааст!

Миллати ҳимматбаланду номдори ман! ҳоло фурсати ҳифзи номи некат омадааст!

Ва бо изҳори итминони комил ба азму иродаи оҳанини миллати сарфарозамон ба даргоҳи Худои поку лоязол дуо мекунам, ки дар ин кори хайру савоб ба мардуми тоҷик зўру тавони тоза, кушоиши кор ва фатҳу нусрат ато фармояд!

Парвардигори олам ягон фарди Тоҷикистонро беиқбол накунад ва хушбахтиву хушрўзиро барои мардуми мо ҳамеша арзонӣ дорад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520