Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

15.04.2020 14:56, шаҳри Душанбе

15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Дӯстзода Ҳасан Тағдир, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ ва Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ - аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз - муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ - Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода - Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ - муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон - директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар - Машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъиншударо ба фаъолияти содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат, рафъи камбудиву норасоиҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳидоят карданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба вусъати корҳои ободонӣ, ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба иқтисодиёти мамлакат, тақвияти тадбирҳои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, дастуру супоришҳо доданд.    

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520